Эмомалӣ Раҳмон: ҳақ надорем, ки даҳшати ҷангу беқонуниро фаромӯш кунем

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Панҷ аз солҳои ҷанг ёдрас шуда, мардумро ба шукргузорӣ аз ваҳдат ва осоиштагӣ даъват кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо мардуми ноҳияи Панҷ гуфтааст, ки набояд солҳои ҷангу беқонунӣ фаромӯш шавад.

Раисҷумҳур дар муроҷиат ба мардуми ноҳияи Панҷ гуфт, ки бояд бештар аз дигарон қадри сулҳу оромӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатиро дарк кунанд.

"Мову шумо ҳақ надорем, ки даҳшати ҷангу беқонунӣ ва оқибатҳои харобиовари онро фаромӯш кунем",- гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Визит президента Республики Таджикитан в Хатлонскую область - Sputnik Тоҷикистон
Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ноҳияи Ҷайҳун

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки "азобу машаққати ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бо ҷойи зист, хӯрока ва дигар шароити зиндагӣ таъмин намудани онҳо аз ёди насли калонсол нарафтааст".

Раисҷумҳур аз мавзеъи наздисарҳадӣ будани ноҳия ёдоварӣ карда гуфт, ки "ҳар яки шумо аз нооромии вазъи сарҳад хуб огоҳед".

"Бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, ба қадри сулҳу суботи комили ватанамон расед, онро эҳтиёт кунед ва ба наврасону ҷавонон, яъне фарзандони худ ин масъалаҳоро доим талқин намоед", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Лентаи хабарҳо
0