"Арӯсони нав ноӯҳдабароянд": Мақомот дар Хуҷанд ба бонувон ҳунари кадбонугиро меомӯзонанд

© SputnikКонкурс-фестиваль на лучший плов в Душанбе
Конкурс-фестиваль на лучший плов в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Байни бонувони Хуҷанд озмуни "Кадбонуи беҳтарин" оғоз шудааст. Дар ин озмун асосан бонувоне ҷалб шудаанд, ки дар биноҳои баланошёна зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи масъулини кор бо занони Хуҷанд, "аксари арӯсони нав ноӯҳдабароянд, ки баъзан боиси вайрон шудани оилаҳо мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд озмуни  "Кадбонуи беҳтарин" оғоз шудааст. Дар ин бора хабаргузории Мимои мустақили 1-уми шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад. Дар ин озмун аксар духтароне ҷалб шудаанд, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанд.

Мақомот гуфтаааст бо ин васила духтаронро ба рӯзғордорӣ омода мекунанд. Даҳҳо ҷавондухтароне, ки дар баландошёнаҳо зиндагӣ мекунанду ҳунари пухтупаз дар танӯру оташдонро надоранд ҳамакнун рӯзғордориро меомӯзанд.

Бино ба таҳлилҳои масъулини кор бо занон ҳоло аксар арӯсони ҷавон баъди издивоҷ дар пухтупаз ноӯҳдабароянд ва аз ин сабаб похшӯрии оилаҳо афзуда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0