ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки рӯзи 17-уми августи соли 2017, тахминан соати 14:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо бародараш марди 19-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо корди дар дасташ буда, 1 маротиба ба тарафи чапи қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Бо далели ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.