Дар Ҳинд духтари даҳсолае аз амакаш фарзанд ба дунё овард

© Flickr \ Adrian DreßlerНоворожденный, архивное фото
Новорожденный, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин духтарча аз амакаш обастан шуда, ки чанд бор бар ӯ таҷовуз карда будааст. Пулис ин мардро дастгир ва додгоҳ ӯро боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар Ҳиндустон духтарчаи даҳсолае, ки додгоҳ иҷозаташ надода буд кӯдакашро бар афканад, фарзанд ба дунё овард.

Бино ба иттилоъи расонаи India Today, ин духтарча аз амакаш обастан шуда, ки чанд бор бар ӯ таҷовуз карда будааст. Пулис ин мардро дастгир ва додгоҳ ӯро боздошт кардааст.

Обастан будани ин духтарча дер ошкор шуда ва дар Ҳинд кӯдак афкандан пас аз ҳафтаи 20-уми обастанӣ қонунан мамнуъ аст. Аз ин рӯ, додгоҳ ба далели хатарнок будани сиқти ҷанин барои кӯдаки даҳсола, ин духтарчаро аз афкандани кӯдакаш манъ карда буд.

Вале ҳарчанд падару модари духтарчаи обастан ин ҳукми додгоҳро напазируфтанд, ӯ кӯдакашро саломат ба дунё овард. Навзод 2,5 килуграм вазн доштааст.

Лентаи хабарҳо
0