Ҳаросафканӣ дар Барселона: теруристе бо худрави боркаш 13 пиёдагардро кушт

© REUTERSПолицейский на месте теракта в Барселоне
Полицейский на месте теракта в Барселоне - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаросафкан дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Барселона худрави боркашро бо суръат ба пиёдаравҳо зад

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар шаҳри Барселона — маркази вилояти мухтори Каталониё дар ҷануби Испониё, дар натиҷаи ҳамлаи ҳаросафканон бо худрави боркаш ба хиёбони гардишӣ чанде аз пиёдагардҳо кушта ва захмӣ шуданд.

Ҳаросафкан худравро ба пиёдагардҳое зада, ки аз гузаргоҳе дар хиёбони Ла-Рамба мегузаштанд.

Гуфта мешавад, суръати ҳаракати худрав 80 км/соат буд, ки дар пайи бархӯрди он бо пиёдаравҳо 13 кас кушта ва дастикам 20 кас захмӣ шудаанд. Худрав замоне боз истод, ки ба девори дӯконе бар хӯрд.

Бино ба додаҳои пулиси Испониё, ронанда аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Расонаҳои хориҷӣ менависанд, кормандони пулис худрави боркаши дигареро низ пайдо кардаанд. Эҳтимол меравад, ки теруристҳо ин боркашро низ мехостанд барои ҳамла ба роҳгузарон истифода баранд ё аз маҳалли ҷиноят фирор кунанд.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ду  марди мусаллаҳ ба яке аз рестуронҳои Барселона ворид шуда, ду касро гаравгон гирифтаанд. Дертар пулиси Барселона ин хабарро инкор кард.

То кунун як тан ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамлаи хунин дастгир шудааст.

Нахуствазири Испониё Мариано Рохой ва муовини ӯ Сурайё Саэнс Де Сантамария аз маҳалли ҳодиса дидан карданд.

Барселона яке аз маъруфтарин шаҳрҳои гардишгарии ҷаҳон аст ва тобистонҳо ҷаҳонгардон аз ҳама гӯшаву канори ҷаҳон ба онҷо мераванд. Ин шаҳр дар Испониё пас аз Мадрид дувумин шаҳри муҳим ба шумор меравад. Барселона — пойтахти вилояти мухтори Каталония аст ва маркази санъативу тиҷории кишвар ва яке аз муҳимтарин мақсадҳои гардишгарӣ дар Урупо аст.

Лентаи хабарҳо
0