ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии кишвардори Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, мардуми ноҳияи Панҷ Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти зиёд ва хушҳолии беандоза истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Панҷ нахуст раиси ҷумҳур дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 санги асос гузоштанд.
Тавре ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои мактаб дорои 26 синфхона буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино раисҷумҳур ба масъулон ва меъморону сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Мактаби мазкур бо дастгириҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар доираи лоиҳаи "Сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи маориф аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи "Таҷдид ва идомаи сохтмонии мактабҳои миёна" сохта мешавад.
Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳудуди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар ноҳияи Панҷ 2 гектарро дар бар гирифта, майдони сохтмон 2 ҳазору 500 метри мурабаъ мебошад. Тибқи лоиҳа мактаб аз 4 ошёна иборат буда, бо усули меъмории муосир бунёд карда мешавад. Дар мактаби нав тибқи лоиҳа ошхона барои 140 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ барои 250 ҷой, толори варзишӣ бо ғунҷоиши 250 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои кампютерӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, лингафонӣ ва кабинетҳои фаннӣ бунёд гардида, корҳои сохтмони он пас аз ба имзо расидани созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оғоз мешавад.
"Мавриди зикр аст, ки айни замон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал намуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ имконияту шароити донишандӯзии хонандагон бештару беҳтар мегардад",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.