Беҳбуди зиндагии рустоиён: дидори раиси ВМКБ бо раҳбари бунгоҳи Ҷопон

© Фото : Пресс служба правительства ГБАОВстреча председателья ГБАО с директором Агенство Японии
Встреча председателья ГБАО с директором Агенство Японии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раҳбари Бунгоҳи тавсеъаи ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дурнамои ҳамкориҳои дусӯяро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар дидор бо Ҳидекӣ Танабе гуфтааст, ки дар се соли гузашта бо дастгирии бунгоҳи JICA дар қаламрави вилоят 44 тарҳ дар заминаҳои обрасонӣ, дармону беҳдошт ва омӯзишу парвариш ба маблағи беш аз 2 милюн дулор иҷро шудааст.

Флаг Японии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Давлати Ҷопон ба ду ноҳия дар Кӯҳистони Бадахшон кумак расонд

Ба иттилоъи манбаъ, Шодихон Ҷамшед аз корҳои анҷомдодаи бунгоҳ дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Ҳидекӣ Танабе ҳам гуфтааст, ки  ҳадафи онҳо саҳмгузорӣ дар беҳбуди зиндагии мардуми рустоҳои дурдаст ва марзнишин аст.

Ҷонибҳо барои идома ҳамкориҳо дар ин замина ба мувофиқа расиданд.

Лентаи хабарҳо
0