ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, раҳбари кишварро дар саҳни ин Марказ ҷавонони ноҳия пешвоз гирифтанд.
Ин сохтмони дуошёнаро Идораи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дар ду сол ва бо ҳазинаи 4,5 милюн сомонӣ сохтааст.
Ин марказ чандин утоқи омӯзишӣ барои дарсҳои информатика, мусиқӣ, нигоргарӣ ва дигар касбу ҳунарҳо дорад ва дар он шароит барои машқи бадан, омӯхтани дигар намудҳои варзиш, аз қабили шашкаю шоҳмот фароҳам оварда шудааст.
Маҷлисгоҳи ин марказ 200 ҷойи нишаст дорад.
"Сарвари давлат ин бинои зеборо туҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Дӯстӣ номида, гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии насли ояндасози миллат корҳои назаррасро анҷом медиҳад", — омадааст дар иттилоъия.
Ҳамакнун дар маркази ноҳияи Дӯстӣ сохтмони варзишгоҳи дорои 3000 ҷойи нишаст идома дорад, ки соли оянда дар ихтиёри ҷавонони ноҳия қарор дода хоҳад шуд.