ДУШАНБЕ, 17 авг— Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, чунин тренингҳо дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Душанбею Рашт аллакай баргузор шуданд.
Рӯзи 16 август дар шаҳри Хоруғ тренинги омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба гузориши манбаъ, дар ин дидор Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД масъулиини мақомоти ҳифзи ҳуққи Вилояти мухтори Кӯҳиистони Бадахшон ширкат карданд.
Онҳо дар мавзӯи "Тадбирҳои андешидашудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ", "Стратегияи фаъолияти политсияи САҲА", "Самтҳои асосии ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон" баромад карданд.
Дар тренинги мазкур омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.
Чорабинии мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия бо дастгирии молиявии дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.