ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, рӯзи 15 август вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов роҳбари тозатаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNICEF, татбиқи лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Манбаъ меафзояд, ки ҳамчунин сиёсатмадорон ба татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Дар ин дидор Роҳбари нави Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.