ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Русланбек Давлатовро вазири адлия таъин кард.
Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, вазири пешини Вазорати адлия Музафар Икромов бар курсии Палатаи ҳисоб нишаст.
Давлатов дар вилояти Хоразм ба дунё омадааст. Маълуоти олӣ дорад. Иқтисодчӣ ва ҳуқуқшинос аст. Фоғируттаҳсили донишгоҳи Варвики Бритониё мебошад.
Пештар Давлатов ба ҳайси раҳбари шӯъбаи сохторҳои бахши ҳамоҳангсозии Маҷлиси Олии Узбакистон ва созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоии маъмурияти раисҷумҳурро бар дӯш дошт.
Баъдтар ба сифати муовини мушовири давлатии раисҷумҳури Узбакистон оид ба ҳуқуқи инсон кор кардааст.
Ва дар ниҳоят вазифаи муовини аввали вазири адлияро бар дӯш дошту ҳамакнун вазири ни ниҳод таъин шуд.