ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 15 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 26 то 31 дараҷа ва дар шарқи он аз 16 то 21 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 32 то 37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 29 то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 14-16 ва рӯзона 33-35 дараҷаро ташкил хоҳад дод.