Домулло Нӯъмонхон - собиқ имом - хатиби масҷиди Истаравшан боздошт шудааст

Проповедь имама Домулло Нуъмонхона, архивное фото
Проповедь имама Домулло Нуъмонхона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Далели боздошти собиқ имом хатиби масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқболи шаҳри Истаравшан равшан нест. Аммо гуфта мешавад аз хонаи истиқоматии Нӯъмонхон Отаев беш аз 300 китоби ахлоқӣ ва ашъорро мусодира кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Домулло Нӯъмонхон Отаев — имом — хатиби собиқи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқболи шаҳри Истаравшан дастгир шудааст.  Дар ин бора Сайидюнуси Истаравшанӣ дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, Отаев 7-уми август аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти вилоят  боздошт шуда будаасту бояд то имрӯз вайро ба боздоштгоҳи Истаравшан интиқол медодаанд.

"Рӯзи 7-уми август, баъди намози пешин чанде аз кормандони Кумитаи амнияти вилоят аз Хуҷанд ба Истаравшан омаданд ва аз масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқбол, домулло Нӯъмонхонро бо бастани дастбанд ба дастонаш боздошт намуда, ӯро бурданд",- менависад манбаъ.

 Гуфта мешавад, ҳоло маълум нест, ки домулло Нӯъмонрохонро ба кодом ҷурм муттаҳам мекунанд, аммо аз хонаи истиқоматиаш наздикӣ 300 китоби ахлоқиро тафтиш карда, мусодира намудаанд.

"Ба гуфтаи наздикони Нӯъмонхон Отаев, вайро бояд боздоштгоҳи шаҳри Истаравшан меоварданд, аммо то ҳол наовардаанд",- меафзояд Сайидюнуси Истаравшанӣ.

Домулло Нӯъмонхон Файзуллозода, сархатиби собиқи масҷиди ҷомеи Муҳаммад Иқбол, яке аз уламои маъруфи Истаравшан аст. Ӯ писари руҳонии маъруф марҳум Эшони Файзуллохон ва амакзодаи Домулло Ҳамзахон Аъзамзода, сархатиби масҷиди Мавлоно Усмони Чархӣ аст. Домулло Ҳамзахон як сол пеш дар синни 46-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Домулло Нӯъмонхон писари руҳонии маъруф марҳум Эшони Файзуллохон аст. Домулло Нӯъмонхон дар шимоли Тоҷикистон бо суханрониҳо ва хутбаҳояш маъруф аст.

Гуфта мешавад, домулло Нӯъмонхон бо гурӯҳҳои исломӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) иртиботе надоштааст.

Лентаи хабарҳо
0