ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода имрӯз бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташ барканор шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ иттилоъ дода афзуд, ки ба ҷойи Назарзода муъовини раиси пешини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода таъйин гардидааст.
Ёдовар мешавем, барканор шудани Сайфиддин Назарзода пас аз онест, ки ӯро дар як барномаи телевизиюнӣ муттаҳам ба нақзи Қонуни танзими ҷашну маросим карда буданд.
Аммо худи Назарзода бо интишори мақолае дар сафҳаи расмиаш бо номи "Ҳасад ё бухл" далелҳои ин барномаро сусту бепоя хонду гуфт, ки ҷашни домодии писарашро бо риояи муқаррароти он қонун баргузор кардааст.
Чуноне, ки манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷлисе, ки дар он мудири Китобхонаи миллӣ барканор шуд, ишора шуд, ки Сайфиддин Назарзода Қонуни танзими ҷашну маросимро нақз кардааст. Аммо вай аз тавзеҳи бештар дар ин бора худдорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳодҳое барои ислоҳи Қонуни танзими ҷашну маросим дод, ки бино бар онҳо ҳар мансабдоре, ки ин қонунро нақз мекунад, аз симаташ барканор хоҳад шуд.