Нахустин дидор: Тоҷикистону Узбакистон амниятро якҷоя таъмин хоҳанд кард

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТДидори мақомоти қудратии Тоҷикистон ва Узбакистон
Дидори мақомоти қудратии Тоҷикистон ва Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ва Узбакистон барои таъмини амният ва мубориза бо теруризм созиш кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, ҳафтаи гузашта ҳайъати намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон бо ҳамтоёни узбакашон дар Тошканд нахустин бор дидор кардаанд.

Ин дидор таҳти роҳбарии муовини якуми вазир, генерал Абдураҳмон Аламшозода баргузор шудааст.

Алексей Бычков. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бичков: Узбакистон ва Тоҷикистон ғайри дӯстӣ дигар роҳ надоранд

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ҳайати намояндагони ВКД, таҳти роҳбарии муовини якуми вазир, генерал Абдураҳмон Аламшозода барои иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии мақомоти милисаи ду кишвар дар шаҳри Тошканди Узбакистон қарор доштанд.

"Дар доираи ҷаласаи мазкур Абдураҳмон Аламшозода бо вазири корҳои дохилии Узбакистон генерал-майор Абдусалом Азизов мулоқот намуд",- омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, махсусан дар самти теруризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳоро баррасӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0