ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Шаҳноз Эроншоҳ дар озмуни зебоии "Мисс СММ — 2017" мақоми савумро ишғол кард.
"Муаррифии Тоҷикистони ҷонам бароям дар озмуни Мисс СММ — 2017 ифтихор буд. Ман дар ин озмун савум шудам ва бо мардуми накӯманду бонувони зебое шинос шудам", — навиштааст Шаҳноз дар саҳифаи фейсбуки худ.
Мақоми якумро дар ин сабқат намояндаи Ямайка ва ҷои дуюмро зебосанами Кения ба даст оварданд. Ҷои сеюм насиби Шаҳноз Эроншоҳ ва намояндагони Русияю Ҳонгконг шуд.
Ёдоварӣ мекунем, ки ин духтари тоҷик соли гузашта ҳам Тоҷикистонро дар ин озмуни ҷаҳонии "Мисс СММ" муаррифӣ карда буд.
Шаҳнози Эроншоҳ дар ИМА тоҷи ғолибиятро ба даст наоварда буд, дар намоиши либоси миллӣ беҳтарин буд.
© Страница конкурса "Мисс ООН" в FacebookШахноз Эроншо на конкурсе "Мисс ООН"
Шахноз Эроншо на конкурсе "Мисс ООН"