Ғарқшавии низомии рус дар Арманистон

CC0 / Pixabay / Море, архивное фото
Море, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони 20-солаи рус ҳамроҳи ҳамкоронаш барои истироҳат ба кӯли Севани Арманистон сафар карда буд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Як низомии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Арманистон ғарқ шуда ҷон бохт.

Бино ба иттилоъи Sputnik Арманистон низомии рус дар кӯли Севан ғарқ шудааст. Қазия рӯзи истироҳат рух додааст.

"Рӯзи якшанбе аз бунгоҳи тиббии Севан дар бораи ҳалокати низомии рус, ки соли таваллудаш 1997 будааст, хабар омад. Маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳи ҳамкоронаш ҳамон рӯз барои истироҳат ба кӯли Севан рафтааст", — гуфт мушовири раиси Кумитаи тафтишотии Арманистон Сона Трузян.

Маълумоти бештаре дар бораи марги ин ҷавон маълум нест, сабаби марги ӯ пас аз санҷиши тиббӣ муайян хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0