Тоҷикистон чаҳорумин кишвари осонгузар шинохта шуд

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото
Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дарёфти раводид барои сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон осонтарин дар ҷаҳон дониста шуд. Тоҷикистон ҳам дар панҷгонаи кишварҳои дорои низоми осони дарёфти раводид ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон чаҳорумин кишваре дониста шуда, ки дорои низоми соддаи дарёфти раводид ҳастанд.

Ин хабарро маҷаллаи бритониёии "Wanderlust" мунташир кардааст.

Ба гузориши ин расона, Тоҷикистон соли гузашта равиши электронии дарёфти раводидро роҳандозӣ кард ва феълан барои дарёфти раводиди сафар кофист нусхаи шиноснома ё гузарнома пешниҳод шавад.

Манбаъ муҳлати дастрас кардани раводиди Тоҷикистонро 1 то 3 рӯз гуфтааст.

"Танҳо ба шумо лозим аст, ки раводидро чоп намоед ва ҳангоми сафар бо худ бигиред. Оддӣ ва осон, ҳамон тавре, ки бояд бошад", — омадааст дар гузориш.

"Wanderlust" ба феҳристи панҷгона — Ҷумҳурии Озарбойҷон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Тоҷикистон ва Виетнамро ворид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0