Мунаққиди рус Виктор Матизен таҳти навои бадахшонӣ ба рақс даромад

© Фото : SputnikХушруз Бахтоваршо
Хушруз Бахтоваршо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Виборги Русия ҷашнвораи намоиши филмҳои русӣ баргузор шуд. Дар ин ҷашнвора филми "Суруди Абдул" ҳам намоиш дода шуд. Дар баробари ин рӯзи дуюми ҷашнвора овозхони ҷавон Хушруз Бахтоваршо суруд хонду мунаққиди рус Виктор Матизен ба рақс даромад

ДУШАНБЕ, 13 авг-Sputnik. Дар ин бора Хушрӯз Бахтоваршо дар саҳифаи инстаграми худ хабар додааст.

"Хабарҳои ҷашнвора "Равзанаи Урупо". Мунаққиди филм Виктор Матизен таҳти навои помирӣ дар иҷрои Хушрӯз Бахтоваршо ба рақс даромад", — навиштааст овозхони ҷавон дар саҳифаи худ.

Публикация от Khushruz Bakhtovarshoev (@khushruz.bakhtovarshoev) Авг 11 2017 в 4:09 PDT

 

Виктор Эдуардович Матизен 19 феврали соли 1949 дар шаҳри Ленинград ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 2003 то 2011 президенти маркази филмшиносӣ ва муннаққидони филм буд. Раиси Шӯрои ҷоизаи "Белый слон" ва масъули торномаи Гилди kinopressa.ru. мебошад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Хушрӯз Бахтоваршо чанде пеш ҳамроҳи писари шодравон Муборакшо-Имомалишо дар Маскав барномаи ҳунарӣ намоиш доданд. Ин ду ҷавон қасд доранд, ки бар хилофи тамоюли фонаграмасароӣ дар ыаҳони имрӯзаи мусиқӣ, танщо бо овози зинда сароянд.

Лентаи хабарҳо
0