ДУШАНБЕ, 13 авг-Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, раиси Ҷумҳурии Эфиопия Мулату Тешоме рӯзи 9 август дар Кохи миллат дар Аддис-Абеба эътиборномаи сафири Тоҷикистон Хусрав Нозириро қабул кард.
Дар суҳбате, ки пас аз поёни маросими супоридани эътиборнома сурат гирифт, роҳбари давлати Эфиопия изҳори умедворӣ намуд, ки таъйин гардидани нахустин сафири тоҷик дар кишвари ӯ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эфиопия мусоидат кунад.
Бо ишора ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, раисҷумҳури Эфиопия ба аҳаммияти ҳамкории ду давлат дар ин замина дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.
Дар поёни суҳбат раисҷумҳури Эфиопия ба мардум ва кишвари Тоҷикистон орзуи сулҳи пойдор ва пешрафту шукуфоии бештар карда, хоҳиш намуд, ки дуруду паёми ӯ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида шавад.