Мардони тоҷик бештар бонувони Уралро ба "занӣ" мегиранд

© Sputnik / Александр Кожохин / Гузариш ба медиабонкРегистрация браков
Регистрация браков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин хонавода на ба хотири бунёди оила, балки гирифтани шаҳрвандии Русия ташкил мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи муовини раиси Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Свердловск Лариса Никонова, дар давоми шаш моҳи соли 2017 дар қиёс бо нишондоди даҳ соли гузашта, издивоҷҳои сохта бештар бекор карда шуданд.

Ӯ шарҳ дод, ки имсол қисми бештари издивоҷҳо бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бахусус — тоҷикон бекор карда шуданд.

"Онҳо на ба хотири ташкили хонавода, балки барои гирифтани шаҳрвандӣ издивоҷ мекунанд. Ва афсӯс, ки занони маҳаллӣ ин иқдоми онҳоро дастгирӣ мекунанд", — гуфт Никонова.

Ба гузориши РИА Новости, Никонова  гуфтааст, ки чунин издивоҷҳо аз тарафи прокурор ғайривоқеъӣ дониста шуда, бекор карда мешаванд.

Имсол 38 хонаводаи сохта ҷудо карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0