ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 9-уми августи соли 2017, тахминан соати 16:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.