ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Тавре Хадамоти гумруки Тоҷикистон гузориш медиҳад, чанде пеш як сокини Конибодом, ки мехост аз Хуҷанд ба Маскав сафар кунад, бо гумони интиқоли ғайриқонунии 6 тангаи дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ ба Русия дастгир шуд.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни азназаргузаронии бағоҷи сокини 23-солаи шаҳри Конибодом, 1 сикка (танга)-и мисранги Екатерина 2, соли бароришаш 1767, бо навиштаҷоти "пять копеек", 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1738, бо навиштаҷоти "ДЕНГА", 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1744, бо навиштаҷоти "ДЕНГА 1744", 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1751, бо навиштаҷоти "ДЕНГА 1751" 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1753, бо навиштаҷоти "ДЕНГА 1753" ва 1 сиккаи мисранги Русияи подшоҳӣ, соли бароришаш 1879, бо навиштаҷоти "1879 года копъики" ёфт шудааст.
Манбаъ мегӯяд, мувофиқи хулосаи экспертизаи таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамаи 6 сиккаи фулузии гуногунандозаи мисранг, дорои арзиши нумизматикӣ ва осорхонавӣ буда, ба категорияи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд. Ба иттилоиХадамот, нисбати дастгиршуда бо моддаи 32 қисми — 3 ва 289 қисми —3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.