ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Бар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси Хадамоти гумруки ҶТ Абдулфаттоҳ Ғоиб муваззаф шудааст то ёддошти тафоҳум барои иҷрои тавофуқномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар бораи беҳтар иҷро шудани қавонини гумрукӣ дар кишварҳои якдигарро ба имзо расонад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин масъулини Вазорати умури хориҷаро муваззаф кардааст, ки замону макони имзо шудани ин санадро бо тарафи эронӣ ҳамоҳанг кунанд.
Ин дастур дар ҳоле дода шуд, ки сатҳи равобити ду кишвар ба поинтарин ҳадд расидааст.