ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Дар радабандии ҷадиди ФИФА дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 180 имтиёз дар мақоми 151-ум қарор гирифт. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон дар ин радабандӣ пешсаф буда, дар 64-ум ҷой қарор дорад.
Дастаи миллипӯшони Тоҷикистон моҳи гузашта 12 зина поён рафта ва дар 149-ум рада ҷой гирифта буд. Даста ҳамакнун 189 имтиёз дорад, ки назар ба моҳи гузашта 1 имтиёз камтар аст. Бо ин натоиҷ миллипӯшони тоҷик дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ акнун охирин мақомро доранд.
Дар ин радабандӣ миллипӯшони Андорра 57 зина боло рафта, беҳтарин нишондодҳоро ба даст овардаанд. Аммо мунтахаби Намибия баръакс 62 зина поин рафта ва охирин мақомро гирифтааст.
Дар ин ҷадвал дар болотарин ҷойгоҳ дастаи мунтахаби Олмон, дувум Бразилия ва севум мунтахаби Аргентина қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон ду моҳ пештар як зина боло рафта буд.