Татяна Хужина ҷаласаи додгоҳро ба рӯзноманигорон тавзеҳ дод

Обуна шудан
Татяна Хужина пас аз нахустин ҷаласаи додгоҳ аз рафти он ба рӯзноманигорон каме маълумот дод

Дар Душанбе нахустин ҷаласаи додгоҳ дар бораи парвандаи шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки ба қочоқи сиккаи қадима муттаҳам мешавад, баргузор шуд. Номбурда чанде пеш дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳангоми кофтукоб дастгир шуда буд. Вай дар қочоқи сиккаи дукапейкаи миссин, ки ба даврони Русияи подшоҳӣ(соли 1823) муттаҳам карда мешавад.

Ба гуфтаи машовири қунсулии Русия дар Тоҷикистон Александр Самартсов, сикка ягон қиммати гаронеро доро набуда, нархи он 100-200 рубли русӣ аст.

Мувофиқи моддаи "қоҷоқ"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон Татяна Хужинаро аз 5 то 10 сол зиндон интизор аст. Ҳоло баррасии павранда ба итмом нарасидааст, маҷлиси додгоҳ то ҳафтаи дигар ба таъхитр гузошта шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0