ДУШАНБЕ, 10 авг— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дар паи ин садама навҷавони 17-солае сахт захмӣ шуда ва дар бемористон ҷон бохтааст.
ВКД ҳодисаро ба шакли зайл нақл мекунад.
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 71-солаи сокини деҳаи Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 26-уми июн тахминан соати 08:30 навҷавоне 18-сола аз деҳаи Сари чинор ва навҷавоне 17-сола аз деҳаи Шоразм худрави "Опел-Астра"-ашро аз назди хонааш дуздиданд.
Онҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Яккатол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт бар наомада, худравро чаппа кардаанд.
Дар натиҷа навҷавони 17-сола сахт захмӣ шуда ва дар бемористон ҷонашро бохтааст.
Манбаъ меафзояд, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.