Хурдафурӯшӣ дар атрофи Панҷшанбебозори Хуҷанд пурра мамнуъ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешРынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото
Рынок панчшанбе в городе Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд гуфтааст, хурдафурӯшӣ дар атрофи "Панҷшанбебозор" ба хотири танзими тартибот манъ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг- Sputnik. Хурдафурӯшӣ дар атрофи бозори марказии "Панҷшанбе" дар шаҳри Хуҷанд пурра мамнуъ гаштааст, гузориш додааст хабаргузории СМ-1.

Бино бар ин гузориш, Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд гуфтааст, хурдафурӯшӣ дар атрофи "Панҷшанбебозор" ба хотири танзими тартибот манъ карда шудааст.

Акбар Шарифов, сухангӯи ин ниҳод гуфта, ки касоне, ки тартиботи бозорро нодида гирифта ва дастфурӯшӣ мекунанд, аз рӯи моддаи 640 Қонуни табаҳкориҳои маъмурӣ ҷарима хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки як ҳафта боз гурӯҳҳои гаштии нерӯҳои интизомӣ дар бозорҳои ин вилояти шимолии Тоҷикистон назму низоми бозорҳоро баррасӣ мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки раиси шаҳри Хуҷанд бо имзои қароре дастур додааст дукону фурӯшгоҳҳо аз майдони Регистон барканда шаванд.

Дар баробари майдони Регистон гирду атрофаш ҳам аз дукону фурӯшгоҳҳо поксозӣ карда хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0