ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон филармонияи кӯдакона ифтитоҳ меёбад. Дар ин бора Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи қарори ҳукумат, ки онро раисиҷумҳур имзо кардааст, Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон дар заминаи амвол ва воҳидҳои кории "Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ-маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон" ташкил хоҳад шуд.
Вазорати фарҳанг вазифадор шудааст, масоили ҳуқуқӣ-ташкилии филармонияи давлатиро ҳал намояд. Вазорати молия супориш гирифтааст, ки маблағгузории филармонияи кӯдакони Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳое, ки барои муассисаҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд, роҳандозӣ намояд.