ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ пардохти кӯмакпулии яквақтаро ба бознишастагоне, ки бештар аз 75 сол умр доранд, идома медиҳад, хабар медиҳад ТоҷикТА.
"Рустам Эмомалӣ, ки чанде пеш ҷойгузини Маҳмадсаид Убайдуллоев дар симати шаҳрдории Душанбе шуда буд, расми пардохти кумакпулии яквақтаро ба бознишастагони шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон идома медиҳад", — хабар додааст ТоҷикТА ба нақл аз шаҳрдории Душанбе.
Бино ба ин гузориш, дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо дастури шаҳрдори Душанбе ба 9 ҳазору 91 бознишастае, ки солашон аз 75 гузаштааст, яквақта маблағи 100 сомонӣ барҳаққи нафақаашон афзуда мешавад.