Қаҳрамони ҷавонмарг: сарбозе кӯдакеро аз ғарқ шудан дар рӯди Панҷ наҷот дод, вале худ ғарқ шуд

© SputnikРека Варзоб в Таджикистане, архивное фото
Река Варзоб в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахтовар Азимов, сарбози Нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Меҳрубон Ҷӯрахонов ном кӯдаки 10-соларо аз ғарқ шудан наҷот дода, вале худ ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг- Sputnik. Сарбозе кӯдакеро аз ғарқ шудан дар рӯди Панҷ наҷот дод, вале худ ғарқ шуд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар медиҳад.

"Сарбози Нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Бахтовар Азимови 20-сола аз шаҳри Хуҷанд пас аз наҷот додани Меҳрубон Ҷӯрахонови 10-сола худ ҳалок шуд", — гуфтааст сухангӯи НМ КДАМ.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар нимрӯзи 9 август дар резишгоҳи рӯди Панҷ рух додааст. Бахтовар дида, ки кӯдаке ғарқ мешавад худро ба об меандозад, то ӯро наҷот диҳад, аммо пас аз об берун кардани кӯдак худашро мавҷ мебарад.

Ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар посгоҳи "Сайёд" аз подгони марзии Ҳамадонӣ рух додааст.

Азимов баҳори ҳамин сол ба хидмати сарбозӣ даъват шуда буд.

"Вай довталабона ба Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ шуда буд", — гуфт Улуғхоҷаев.

Ба гуфтаи вай, фармондеҳии Нерӯҳои марзбонӣ ҳамдардии худро бо хонаводаву наздикони ин сарбози далер изҳор кардаанд.

"Ба онҳо кӯмаки ҳамаҷониба равониву моддӣ расонида хоҳад шуд", — гуфтааст Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Бино ба додаҳои Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон, танҳо ҳамин сол дар рӯду дарёчаҳои Тоҷикистон 63 тан ҷони худро аз даст доданд.

Лентаи хабарҳо
0