ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, милисаҳо дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо гадоҳо суҳбат карда барояшон дар бораи хонаҳои махсус барои маъюбон ва бесарпаноҳон маълумот доданд
Ҳангоми доир кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони милитсия бо бархе аз шаҳрвандоне, ки ба гадоӣ машғул буданд, суҳбат карданд.
Аз ҷумла бо Зафар Саидов, ки сокини шаҳри Ваҳдат буда, 25 сол дорад. Ӯ ба гармии ҳаво нигоҳ накарда ӯ дар кӯчаҳои пойтахт ба гадоӣ машғул аст.
Нафари дигаре худро Нигор истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор муаррифӣ кардааст.
"Ба қавли ӯ ҳашт сол боз ба гадоӣ машғул мебошад. Нигор ҳашт фарзанд дорад, вале ягон нафаре аз фарзандон аз аҳволи ӯ хабар нагирифтаанд", — омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин Турдиева Барно маъюби гурӯҳи якум, сокини шаҳри Душанбе ва Одинаев Холмаҳмад сокини шаҳри Ҳисор низ ба гадоӣ машғул будаанд.
Аз ҷониби кормандони милитсия бо номбурдагон вобаста ба истифодабарӣ аз шароитҳои муҳайёгардида барои шахсони ниёзманд ва маъюб, ки аз тарафи роҳбарияти давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Манбаъ меафзояд, ки зимни доир намудани чорабиниҳои мақсаднок кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҷиҳати бартараф сохтани мушкилоти нафарони маъюбу ниёзманд ва пешгирии талбандагӣ дар ҳудуди пойтахт, тадбирҳои судмандро роҳандозӣкарданд.