Руҳонӣ: ҳукумати Тоҷикистон ҳиҷобро таҳдиде ба низоми дунявӣ мешуморад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкМусульманки, архивное фото
Мусульманки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаро ҳукумати Тоҷикистони пӯшиши исломии мусулмононро намеписандад?

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон овозаҳоеро, ки гӯё қарор аст ҳиҷобпӯшонро ҷарима банданд, дурӯғ хонд.

Намояндагони ин ниҳод гуфтанд, ки интихоби пӯшок кори ҳар кас аст, вале ҳиҷоб ба расму оини тоҷикон мухолифат дорад.

Ба фикри Дамир Муҳиддинов, муъовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия, ҳукумати Тоҷикистон ришу ҳиҷобро таҳдиде ба низоми дунявии ҷумҳурӣ мешуморад, вале пӯшидани ҳиҷобро манъ карданӣ нест ва намекунад.

"Дар давоми 25 сол мардум ҳоло пурра ба дин барнагаштаанд ва барои аксари онҳо дини ислом маънои намуди зоҳириро дорад. Ва агар амалиёти зидди ҳиҷобпӯшӣ амалан ва ошкоро эълом мешуд, ба назари мардум ин кор чун мубориза бо ислом менамуд", — шарҳ дод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Дамир Муҳиддинов.

Ба фикри ин руҳонӣ, ҳатто он мансабдороне, ки худ диндор ҳастанд, дар баррасии ин масъала наметавонанд дар канор бошанд. Чунки ҳамингуна амалиёт барои ҳаводорони гурӯҳҳои тундрав, ки мехоҳанд Тоҷикистонро кишвари исломӣ бибинанд, сигнале хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0