ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми мақомоти вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати корӣ баргузор кардааст.
Дар он роҳбарияти Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раисони ҷамоатҳо ва миробҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат кардаанд.
"Беҳтар намудани таъмини оби каналҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ҳайдар Усмонов ва Ғозиён ба беҳдошти ҳолати обёрии наздик 3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ноҳия ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии 8887 хонавода мусоидат менамояд, — гуфт Абдураҳмон Қодирӣ.
Ҳамзамон раиси вилоят изҳори таассуф намуд, ки аз бемасъулиятӣ, баъзе каналҳои манотиқи номбурда пурра корношоям гардида, аз ҷониби бархе шаҳрвандон худсарона иншооти ғайриқонунӣ сохта шудааст, ки маҷрои обро халалдор месозад.
Абдураҳмон Қодирӣ аз анъанаҳои неки гузаштагон ёдоварӣ карда, пешниҳод намуд, ки тариқи ҳашару корҳои фаҳмондадиҳӣ каналҳоро эҳё ва пуроб намоянд.
Вай раисони кумитаи маҳаллаҳо, миробҳо ва масъулини ноҳияро вазифадор намуд, ки дар самти баргузории ҳашарҳои мардумӣ, тозаву озода намудани ҷўйборҳо, пардохти андози оби истифодашуда ва нерўи барқ тадбирҳои зарурӣ андешанд.