Чолпон Мелисбекова ва Эламан Канибеков навозандагони гурӯҳи мусиқии "Акак" ҳастанд. Онҳо дастпарварони Омӯзишгоҳи мусиқии Мукаш Абдраев ва Консерваторияи миллӣ буда ва навозандагони ҳирфаии қомуз ё чунгур ҳастанд. Қомуз танбӯри қирғизӣ аст ки форсизабонон онро чунгур меноманд.
Дар мусоҳиба бо Sputnik Қирғиизстон аз навозандагон дархост шуд оҳанги таронаи маъруфи гурӯҳи амрикоии Linkin Park "Numb"-ро иҷро кунанд ва онҳо ҳам бо хурсандӣ онро иҷро карданд.
Ҳунари навозандагии ин ду ҷавонро сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой низ арзҷгузорӣ кардаанд, ҳунарнамоии онҳоро 8 июл дар Остона тамошо карданд. Гурӯҳи мусиқии "Акак" барои онҳо оҳанги маъруфи қирғизии "Маш ботой"-ро иҷро кард.