ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Футболбозони тоҷик рақибони туркашонро бар ҳисоби 12 бар 1 мағлуб карданд. Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин нахустин бозии назоратии ҷавонони кишвар дар Туркия буд. Рӯзҳои 12 то 14 август онҳо бо ҷавонони бошгоҳи "Алянспор ва рӯзи 17 август бо ҷавонони бошгоҳи "Минавгатсор" бозиҳои назоратӣ баргузор хоҳанд кард.
Ин тамринот барои футболбозони ҷавони тоҷик марҳилаи омодагӣ ба давраи муқаддимотии Қаҳрамонии Осиё-2018 мебошад.
Ҷавонони Тоҷикистон барои роҳёбӣ ба давраи баъдӣ бо ҳамсолони худ аз кишварҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри Ланка ва Малдив талош хоҳанд кард.