ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ба гузориши сайти "Uzxalqharakati.com" Шавкат Мирзиёев дар нишасти ахир бо масъулини амниятӣ ва интизомӣ, қазоӣ ва расонаҳои хабарии Узбакистон дар Тошканд, Созмони ҷавонони Узбакистонро ба далели ситез бо пӯшиши исломии бонувони мусалмон ба шиддат мавриди интиқод қарор дод.
Вай хитоб ба Қаҳрамон Куронбоев, раиси Созмони тозатаъсиси ҷавонони Узбакистон гуфт: "Магар Созмони ҷавонони Узбакистон ба ҷуз бардоштани русарии духтарон дар ин кишвар кори дигаре надорад? Шумо бубинед дар пайи иқдоми ин созмон дар вилояти Сурхондарё, ки бо баргузории маҳфиле ба бардоштани русарии духтарон иқдом карда буд, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ вокунише нишон доданд".
Мирзиёев таъкид кард" "Даст аз ин барномаҳо бардоред ва бонувонро дар интихоби либос ва пӯшиш озод бигузоред".
Дар ин матлаб таъкид шудааст, ки иқдоми ахири Созмони ҷавонони Узбакистон дар мавриди бардоштани русарии духтарони ҷавон дар вилояти Сурхондарё ёдоварикунандаи барномаи иҷбори бардоштани ҳиҷоб дар даҳаи 1930 дар Осиёи Марказӣ дар даврони ҳукумати Шӯравӣ аст.
Аз ин рӯ, Созмони ҷавонони тозатаъсис дар Узбакистон ба унвони вориси созмони ҷавонони Шӯравӣ муаррифӣ шудааст, ки ба иҷбор чодари бонувонро аз сари онон бармедошт.