ВУД: Сокини Санҷит ба пушти сар ва дигар узвҳои сокини Фурудгоҳ дос зад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкМобильный диагностический комплекс, архивное фото
Мобильный диагностический комплекс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфта мешавад далели ин амали муттаҳам доштани хусумат нисбати ҷабрдида будааст

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷанҷоли ду ҳамшаҳр дар ноҳияи Нуробод хабар медиҳад, ки дар натиҷа яке аз иштирокдорони ин хархаша ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 26-солаи сокини деҳаи Фурудгоҳи ноҳияи Нуробод муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми июли соли 2017, тахминан соати 16:30-дақиқа, дар мавзеи "Заркӯҳ", воқеъ дар қисми болои деҳаи Сари-пули ҳамин ноҳия марди 33-солаи сокини деҳаи Синҷит, аз сабаби ҳусумати пешакӣ доштанаш бо ӯ муноқиша намуда, бо доси алафдаравӣ ба пушти сар ва дигар узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0