Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: раисҷумҳур сардори Саридораи геологияро аз вазифа озод кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон,раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷумъазода Мурод Холро аз вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумат озод кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур Ҷумъазода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки раисҷумҳур Файзуллозода Заробиддин Қудратро сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон бархе аз сафирҳои кишварро аз симат барканор ва дипломатҳои дигареро ҷойгузинашон кард.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо фармоне Исматулло Насрединовро ба сабаби гузаштан ба кори дигар аз симати сафири Тоҷикистон дар Австрия озод кардааст. Насреддинов ҳамчунин аз симати Намояндаи доими ҶТ дар Созмони амнияту ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Вена, пойтахти Австрия ҷой доранд, ҳамчунин сафири ҶТ дар Италия, Словакия ва Маҷористон низ озод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0