ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.
Аз ҳама бештар як сокини ноҳияи Қубодиён Иброҳимбек Раҳмонов бо худрави "Чанху" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 154 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.
"Опел-Астра"-и мутаалиқ ба ҶСК Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе 81 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Дар ин рӯйхат як мусофиркаш (автобус) низ ҳаст. Автобуси тамғаи "ЛИАЗ-5226" рақами қайди давлатиаш 0210ТТ01 — 41бор қоидаро вайрон кардааст.
Ҳамчунин дар ин феҳрист худрави ширкати "Тоҷик Эйр" — "Опел-Астра" 41 бор қонуни ҳаракат дар роҳро нақз карда ва худрави ширкати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" бо тамғаи "Хундай-Тюксон" 20 маротиба қонуншиканӣ кардааст.
Дар байни ҷаримагурезон ду зани ронанда низ вуҷуд дорад. Инҳо сокинони шаҳри Душанбе, Нилуфар Мулоҷонова ва Тоирова Гулфина мебошанд.