Чоҳкан зери чоҳ: боздошти ҷавоне, ки худравро дуздида ба садама уфтод

© МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкКрупное ДТП в Ставропольском крае
Крупное ДТП в Ставропольском крае - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони 23 сола худравро дуздидаву ба садама дучор шуд ва дар натиҷа 40 ҳазор сомонӣ қарздор гардид

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, дар паи баругузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти интизомӣ ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми ғоратгарӣ дастгир карданд.

Ба гузориши манбаъ, ин ҷавон шаби 27 июл тахминан соати 01:00 аз назди ошхонаи “Пирамида”-и шаҳри Истаравшан худрави тамғаи “БМВ-530”-ро рабуда ғайриқонунӣ ҳай карда, дар роҳ ба садама дучор шудааст.

Зарари расонидашуда 39 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Ин худрав ба марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан тааллуқ доштааст.

Аз рӯи ин қазия нисбати дастгиршуда бо моддаи 252 қисми 1 ва 255 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0