Пажӯҳишгарон бузургтарин хатар ба саломатии инсонро шиносоӣ карданд

© PixabayОдиночество, архивное фото
Одиночество, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳоӣ ва мардумгурезӣ бештарин осебро ба саломатӣ мезананд ва хатари марги зудрасро бисёр бештар мекунанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Равоншиносони амрикоӣ аз Донишгоҳи Бригам Янг ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳоӣ ва мардумгурезӣ ё инзивои иҷтимоъӣ сол аз сол бар ҷомеъа бештар асару таъсир мерасонад ва яке аз мушкилоти аслии башар дар оянда хоҳад буд.

Навруз на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Равоншинос иллати танҳоии хушрӯйҳоро тавзеҳ дод

Бино ба пажӯҳиши равоншиносон, ки гузоришашон дар пойгоҳи EurekAlert мунташир шудааст, равобит бо дигарон яке аз ниёзҳои бунёдини инсон аст, ки ҳам аз дидгоҳи бешбуди равонӣ ва ҳам аз дидгоҳи боззистӣ бисёр муҳим аст.

Пажӯҳишгарон ду фаротаҳлил (meta-analysis) баргузор кардаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо натиҷаи даҳҳо пажӯҳишро дар бар гирифтаанд. Фаротаҳлили аввал камубеш 150 пажӯҳиши илмиро дар бар гирифта, ки дар он 300 ҳазор довталаб ширкат карданд. Ин пажӯҳиш маълум карда, ки иртибототи хуби иҷтимоъӣ риски марги зудрасро 50 дарсад камтар мекунад.

Фаротаҳлили дувум натиҷаи 70 пажӯҳиши илмиро дар бар мегирад, ки дар он беш аз 3 милюн довталаб  аз Урупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Австралия ширкат карданд. Бино ба натиҷагириҳои равоншиносон, танҳоӣ ва мардумгурезӣ ё инзивои иҷтимоъӣ нисбат ба дигар омилҳо, аз ҷумла фарбеҳӣ, риски марги зудрасро бештар мекунад.

Пажӯҳишгарон пешниҳод доранд, ки системи дармону тандурустӣ бояд асару таъсири иртибототти иҷтимоъӣ ба саломатии инсонро дар назар гирад.

Лентаи хабарҳо
0