ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, рӯзи 6 август Дабири кулли Иттиҳодияи кишварҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт бо сафири Тоҷикистон дар Миср, Хусрав Нозирӣ дидор ва мулоқот кард.
Тибқи иттилоъи манбаъ, дар ин дидор масъалаҳои марбут ба иҷлоси дувуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Душане баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.
Дар ин росто таъкид гардид, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мизбонии нишасти навбатии Форуми мазкур баёнгари эҳтимоми фазояндаи кишвари мо ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ мебошад.
Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иштироки худро дар Форуми Душанбе таъйид кард.