Хабарнигорони Sputnik Озарбойҷон ба машқгоҳи Созмони наҷотдиҳӣ сафар карданд.
Дар ин ҷо сагҳоро машқ дода, амалиёти гуногунро барояшон ёд медиҳанд.
Масалан саге бо лақаби Гера дар муддати начандон дароз "Бомб"-и пинҳонкардаро дарёфт карда, одамро аз марг наҷот дод.
Роҳбари гурӯҳи наҷотдиҳӣ Аслан Оруджев нақл кард, ки ин сагҳо чор амалиётро иҷро мекунанд: ҷустуҷӯи одамон, ёрии таъҷилӣ, ҷустуҷӯи ҷасад ва иктишоф.