ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, қочоқи 533 адад телефони ҳамроҳи тамғаи "Samsung Galaxy" —ро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон пешгирӣ кард, хабар медиҳад Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, Раёсати минтақавии гумрукӣ дар роҳи мошингарди "Конибодом — Хуҷанд" воситаи нақлиётии тамғаи "Опел — Зафира"бозистонда ҳангоми ми кофтукоб аз он 553 адад телефонҳои мобилии гуногуни тамғаи "Samsung Galaxy"-ро дарёфт кардааст.
Тавре манбаъ қайд мекунад,ин амвол ба марде аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ доштааст.
"Номбурда ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ, тариқи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудааст",- омадааст дар хабар.
Гумонбаршаванда амволи мазкурро Қанибек ном сокини Қирғизистон, минтақаи наздисарҳадии деҳаи Борбордуқ харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.
Тибқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии телефонҳои мобилӣ 935 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат гумонбаршаванда парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишотро Додситонии вилояти Суғд анҷом медиҳад.