Додгоҳи Душанбе ду тан аз кордкашони шоми 2-уми январро зиндонӣ кард

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСотрудник правоохранительных органов производит арест
Сотрудник правоохранительных органов производит арест - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Душанбе чаҳор ширкаткунанда дар задухӯрди маргбори ҷавононро маҳкум ба муҷозот кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА бо истинод ба Додгоҳи шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Бино бар гузориши манбаъ, ду навҷавон — сокинони микрорайони 102 ва 103-уми шаҳри Душанбе ба муҳлати панҷ сол равонаи зиндон карда шуданд. Ду навҷавони дигар ҳар ду 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ҷавононе, ки маҳкум ба зиндон шуданд, ба он далел муҷозоти сангин дарёфт карданд, ки ҳангоми задухӯрд дар даст милгирд ё арматура доштанд.

Муҳокимаи 11 ширкаткунандаи дигар идома дорад. Ду тан аз онҳо бар асоси моддаи 104 Қонуни кайфарии ҶТ муттаҳам ба куштор мешаванд.

Додситон чанде пеш барои ин ду муттаҳам 10 сол зиндон хоста буд, ки сангинтарин муҷозот барои наврасон дар Тоҷикистон аст.

Ёдоварӣ мекунем, ки задухӯрди ҷавонон 2 январи соли 2017 дар кӯчаи Клагенфурт дар маҳаллаи 104-ум рух дода буд. Дар ин задухӯрд ду навҷавон — Иброҳим Хоҷаеви 18-сола ва Сомон Шарипови 19-сола кушта шуданд. Пас аз ин ҳодиса беш аз 20 кас, аз ҷумла чанд тан донишомӯз низ боздошт шудаанд. Вале Вазорати маорифу илми Тоҷикистон дертар хабар дод, ки танҳо як нафар донишомӯз дар ин ҳодиса даст доштааст. Бино бар иттилои ин ниҳод, 4 тан аз ширкаткунандагони ҳодиса чанд моҳ пеш аз он аз мактаби рақами 54 пойтахт ихроҷ карда шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0