ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Раҳбарони се ҳизби мухолифи давлат — "Ата-Журт-Мекенчил", "Бутун Қирғизистон", ва "Онугуу — Прогресс" созишномае барои ташкили як ҳизби сиёсӣ имзо карданд.
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, онҳо номзадеро аз ҳизби "Онугуу-Прогресс" ба симати раисҷумҳурӣ пешниҳод хоҳанд кард.
Бо ин созиш чаҳор номзад ба симати раисҷумҳурӣ — Адохон Мадумаров, Аҳмадбек Келдибеков, Қамчибек Тошиев ва Батик Торобоев ҳизбҳояшонро муттаҳид мекунанд. Дар ин созишнома гуфта шуда, ки "се ҳизб бо таваҷҷуҳ ба вазъи сиёсии кишвар, посдошти ягонагии миллат ва баргузории интихоботи одилона нерӯи худро муттаҳид кардаву ва ҳамдаст мешаванд".
Ин созишномаро раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адохон Мадумаров, раҳбарони ҳизби "Ата-Журт-Мекенчил" Аҳмадбек Келдибеков ва Қамчибек Тошиев ва раиси ҳизби "Онугуу-Прогресс" Ботиқ Торобоев имзо карданд.