ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Чанде пеш дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ хабаре мунташир шуд, ки муҷрии барномаи пурбинандаи телевизюнии "Пусть говорят" Андрей Малахов аз "Шабакаи аввал" ба "Шабакаи давлатии родютелевизюни саросарии Русия" ё ВГТРК мегузарад. Инак манбаъе огоҳ аз ин қазия иттилоъ дода, ки муҷрии барномаи "Пусть говорят" Андрей Малахов аризаи истеъфояшро ба мудирияти Шабакаи аввал додааст.
"Малахов ариза навишта, вале ин ки оё он имзо шуда ва ё нашуда, то ҳол маълум нест", — гуфт мусоҳиби хабаргузории "РИА Новости".
Ҳунарпеша Станислав Садалский дар мусоҳиба бо родюи "Говорит Москва" гуфта, ки ӯро ба филмбардории барномаи "Падруд, Андрей" даъват кардаанд, вале даъватро напазируфтааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ номзадҳои ҷойгузинаш низ пайдо шудаанд. Гуфта мешуд, ки агар Андрей Малахов аз ин барнома биравад, ҷояшро метавонанд муҷрии барномаҳои иҷтимоъӣ Дмитрий Шепелев, муҷрии барномаҳои хабарӣ дар "Шабакаи аввал" Дмитрий Борисов ва ё муҷрии шабакаи телевизюни шаҳри Красноярск Александр Смол бигиранд.
Бахши русии хабаргузории Би-би-си иттилоъ дод, ки Наталя Никонова, таҳиякунандаи барномаҳо, ки тоза дар Шабакаи аввали телевизиони Русия ба кор омадааст, мехоста мавзуъҳои сиёсиро низ дар барномаи "Пусть говорят" матраҳ кунад.
Масъулини ВГТРК гуфтаанд, ки Малахов "ҷисман" наметавонад ба ин шабака бигзарад, зеро мудирони шабака феълан дар мураххасӣ ҳастанд. "Шабакаи аввал" аз тавзеҳи ин иттилоъот худдорӣ мекунад.
Дар барномаи "Пусть говорят", ки дар Тоҷикистон ҳам бисёр бинандаву тарафдор дорад, маъмулан мавзуъҳои иҷтимоъӣ, равоншинохтӣ, табаҳкориҳо, масоили кишвардорӣ, равобити байналмилалӣ матраҳ ва баррасӣ мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ чанд бор қаҳрамони ин барнома шудаанд.