ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. ВУД ҶТ иттилоъ дода, ки кормандони милиса касеро барои пӯшидани либоси ғайри миллӣ, аз ҷумла ҳиҷобу сатру пӯшоки "ношоист" ҷарима нахоҳанд кард.
"Барои пӯшидани чунин пӯшок ҳеч муҷозоте муқаррар нашудааст. Дар ҳоли ҳозир суҳбатҳои тавзеҳӣ баргузор мешаванд. Ҳукумат танҳо ба бонувон ёдоварӣ мекунад, ки ҳиҷобу сатру сарбанд пӯшоки бегона ҳастанд", — гуфтовард кардааст ВУД Тоҷикистонро хабаргузории ТоҷикТА.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанд пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки дар бархе аз маконҳои умумии шаҳри Душанбе, аз ҷумла бозори "Шоҳмансур", бонувони ҳиҷобпӯшро таҳдид ба ҷарима кардаанд.
Бархе аз фурӯшандаҳои бозори "Шоҳмансур" ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки онҳоро таҳдид кардаанд, ки агар сатру ҳиҷобашонро ба надоранд, то ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Пеш аз ин муъовини аввали раиси Кумитаи умури занону хонавода Марҳабо Олимӣ дар нишасти расонаӣ гуфта буд, ки ҳадафи онҳо на мубориза бо сатру ҳиҷоб, балки ташвиқи пӯшоки миллӣ аст. Вай тавзеҳ дода, ки коргурӯҳҳои Кумита танҳо бо занони ҳиҷобпӯш гуфтугӯ накарда, балки духтаронеро, ки либоси "беадабона" ба бар мекунанд, низ ба пӯшидани либоси милӣ даъват кардаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади мубориза ба "бегонапарастӣ" ва тарғиби либоси миллӣ аз тарафи кумитаи кор бо занон 21 гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Ҳамчунин, гурӯҳи кории вижа дар шаҳри Душанбе ба марказҳои савдо рафта, бо занону фурӯшандагон аз фарҳанги миллӣ ва либоспӯшӣ суҳбат карда буд.