Талаботи иқтисодии 3 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон таҳқиқ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани талабот ба захираҳои энергетикӣ 3 ҳазор хонавода таҳқиқ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Ожонси омори назди раисҷумҳур,  рӯзҳои 26 — 29 июл дар ин ниҳод семинари омӯзишӣ доир гардидааст.

Он дар доираи лоиҳаи грантии "Татбиқи Стратегияи рушди омори миллӣ барои солҳои 2015-2018 ЕCASTAT" ҷиҳати аниқкунии рӯйхати хонаводаҳо ва соҳибкорони инфиродии "Таҳқиқот оид ба муайян намудани вазъи захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки он" барои бақайдгирандагон ва ҳамоҳангсозон гузаронида шуд.

"Аниқкунии рӯйхати хонаводаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ аз санаи 10-29 уми августи соли ҷорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, ки ба он интихобан 3000 хонаводаҳо ва 7669 соҳибкорони инфиродӣ фаро гирифта шудаанд. Рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ пурра аниқ карда мешаванд", — омадааст дар хабарнома.  

Таҳқиқоти мазкур дар се категорияи воҳидҳои оморӣ гузаронида мешавад: — шахсони ҳуқуқӣ (сартосарӣ);- шахсони воқеӣ ба таври интихобӣ;- хонаводаҳо ба таври интихобӣ. 

Ҳадафи асосии гузаронидани таҳқиқоти мазкур муйян намудани талаботи иқтисодиёти мамлакат ба захираҳои энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти маълумотҳо ва дар ин замина қабули қарорҳо ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ, такмили сохтори истеҳсолии маҷмӯи сӯзишворию энергетикии кишвар, таҳияи тавозуни сӯзишворию энергетикӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.    

Лентаи хабарҳо
0